- китоб
- [کتاب]а. варақҳои таълифии дастнавис ё чопӣ, ки ҷилд шуда бошад: китоби хониш, китоби алифбо; китоби дарсӣ китобе, ки дар мактабҳо аз рӯи он дарс мехонанд; китоби луғат китобе, ки дар он маҷмӯи калима ва ибораҳои забоне бо шарҳу тафсир ё тарҷумааш гирд оварда шудааст (бо риояи тартиби алифбо), фарҳанг, луғатнома; бозори китоб растаи китобфурӯшон; ҳисобу китоб кардан дахлу харҷро баррасӣ кардан, ба ҳисоб гирифтан; ҳисобро баробар кардан; як китоб маънӣ доштан пурмаънӣ будани сухане
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.